Баргузории Ҷаласаи Рӯзномаи амалиёти об: Аз Душанбе 2022 то Ню Йорк 2023

Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд, ҷаласаи навбатии намояндагони кишварҳои иштирокунанда таҳти унвони “Рӯзномаи амалиёти об: Аз Душанбе 2022 то НюЙорк 2023” оғоз гардид.

Дар назар аст, ки дар ҷаласи мазкур иштирокунандагон  ӯҳдадориҳо ва амалҳои дақиқро дар тамоми бахшҳо, соҳаҳо, ки манфиатҳои кишварҳо бахшида шудааст, барасӣ намоянд. Ҳамчунин, масоили беҳтар кардани ҳамкориҳои обҳои фаромарзӣ дар шохобҳои хурди дарёҳои Осиёи Марказӣ низ барасӣ хоҳанд гашт.

 Дар ин чорабинӣ намояндагони кишварҳо хориҷӣ ба таври ҳуҳзурӣ ва маҷозӣ баромад мекунанд. Ёдовар мешавем, ки дар конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”  як қатор нишастҳи дигар низ баргузор мегардад.