Суди ноҳияи Ёвон як соҳибкорро беш аз 25 ҳазор сомонӣ ҷарима намуд

Суди ноҳияи Ёвон як соҳибкори ин ноҳияро барои харидуфурӯш бо доллар ба пардохти 25 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима намуд.

Тавре сомонаи расмии Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад, номбурда дар бозори Панҷшанбеи ноҳияи Ёвон нуқтаи фурӯшим масолеҳи сохтмонӣ дорад ва моҳи марти соли равон ба як харидор масолеҳи сохтмонӣ аз қабили тахта, шифер, қубур ва дигар намуди масолеҳро фурӯхтааст.

Маблағи умумии бор беш аз 33 ҳазор сомонӣ ҳисобида шуда, соҳибкор барои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ се ҳазор доллар аз харидор гирифтааст, ки ин амали ӯро Додситонии куллии Тоҷикистон ғайриқонунӣ арзёбӣ намудааст.

Ҳамин тариқ, прокурори ноҳияи Ёвон, нисбати соҳибкор бо моддаи 286 қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ кушода, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон,сокини Ёвон гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 25600 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.