Олими риёзидон ва академики тоҷик Мирганд Шаҳбозов барандаи ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод”-и созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуд. Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ин созмон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, Мирганд Шаҳбозов ин ҷоизаро барои соли 2021 сазовор шудааст. Имсол 12 номзад аз 8 кишвари ИДМ довталаб будаанд.
Ин ҷоиза ҳар сол ба намояндагони кишварҳои ИДМ барои дастовардҳои назаррас дар бахши фаъолиятҳои ҳуқуқибашарӣ, арзиши ҷаҳонӣ доранд, тақдим мегардад.
Маблағи ҷоиза 2 миллион рубл аст, ки баробар ба 32 276 доллар мебошад. Гуфта мешавад, маросими супурдани ҷоизаҳо моҳи декабри соли 2022 дар Тошканд дар доираи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмӣ баргузор мешавад.
Бояд гуфт, Мерганд Шаҳбозов яке аз донишмандони саршиноси риёзидони Тоҷикистон буда, дар гузашта муовини раиси парлумони Тоҷикистон буд.
Ин донишманд соли 2015 ҷоизаи байналмилалии «Top Springer Author 2015»-ро ҳам ба даст оварда буд.
Барандагони ҷоиза аз кишварҳои дигари узви ИДМ дар соли 2021 инҳо мебошанд:
Нотик Камол оғлу аз Озарбойҷон, ҳайкалтарош, Эдуард Хачиян аз Арманистон, геолог, устоди Донишгоҳи миллии меъморӣ ва сохтмони ин кишвар, Сергей Клинин аз Белорус, физикдон, муовини раиси Академияи илмҳои ин кишвар, Серик Рустамбеков аз Қазоқистон, меъмор, раиси Иттифоқи меъморони шаҳри Нурсултон, Миталип Мамитов аз Қирғизистон, ҷарроҳи асаб, Юрий Темирканов аз Русия, дирижёр, Рамиз Усмонов, директори Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон.