Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти Н.С, хоҷагидори комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав хабар дод.
Тавре дафтари матбуотии Агентӣ менависад, номбурда дар истифодаи мақоми хидматӣ ва қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
ГУфта мешавад, дастгиршуда замони фаъолияташ аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани шаҳодатномаи хизмати ҳарбии корношоям маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомониашро гирифта, боз оварда додани маблағи боқимондаро талаб намудааст.
“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Н.С, баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2000 сомонии дигар дар ҷой ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”, – омадааст дар иттилоия.
Агентӣ афзуд, вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар баррасии додгоҳ қарор дорад.
Боздошти хоҷагидори комиссиариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав дар ҳолест, ки ахиран ин ниҳод алайҳи мудири бахши ҷавонон, варзиши шаҳри Панҷакент дар пайи шикояти як сокини ҷамоати Саразм парванда боз карда буд.
Номбурда моҳи феврали соли 2022 бо роҳи фиреб ба бовари сокини 59-солаи ҷамоати деҳоти Саразм даромада, барои ба хидмати алтернативии ҳарбӣ сафарбар накардани фарзандаш 28 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.