Варзишгарони тоҷик дар 4-уин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Геннадий Арзуманов, ки 4-5 июн дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон доир шуд, 12 медал ба даст оварданд.
Тавре Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ин мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Гуфта мешавад, варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа маҳорати баланд нишон дода, сазовори 12 медал – 3 тилло, 5 нуқра, 4 биринҷӣ – гардиданд.
Манбаъ гуфт, иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар масофаи 100 метр миёни мардҳо (10.37) медали тилло, дар ҷаҳиш ба дарозӣ (7.59) медали нуқра ба даст овард.
Дар масофаи 200 метр, Фаворис Музрапов (21.71) якум шуд. Ӯ дар масофаи 100 метр (10.66) мақоми дуюмро касб намуд.
Намояндаи дигари кишвар Леонид Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеаҳо (53.12) сазовори медали тилло, дар масофаи 110 метр бо монеаҳо (14.98) сазовори медали нуқра шуд.
Раҷабмо Абдуллоева, марафончии тоҷик миёни бонувон дар масофаи 5000 метр (18:55.50) дуюм, дар масофаи 10000 метр (40:24.55) сеюм шуд.
Дар масофаи 10000 метр миёни мардҳо Меҳробҷон Одинаев (31:48.73) соҳиби медали бинринҷӣ гардид
Ду медали биринҷии дигарро Зикрилло Турахонов дар найзапартоӣ (53.66) ва тими Тоҷикистон дар эстафетаи омехтаи 4х400 метр (3:40.59) сазовор шуданд.