Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Форуми ҷавонон ва кӯдакон оғоз гардид.
Дар Форуми ҷавонон ва кӯдакон донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат иштирок намуда истодаанд. Ҳамзамон, дар Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили оби Конфронси дуюми оби Душанбе, дар маҷмӯъ кӯдакону наврасон ва ҷавонони 33 мамлакати ҷаҳон – 200 нафар ба таври ҳузурӣ ва 900 нафар ба таври маҷозӣ иштирок намуда истодаанд.
Дар оғози форум намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Аммар Орказаӣ суханронӣ намуда, баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалиро омили муҳим дар самти расидан ба ҳадафҳои дар пешистода доир ба масоили обу иқлим номид.
Ҳамзамон, вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар суханронии хеш қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастрасии хонандагону донишҷӯён бо оби тоза ва санитария тамоми тадбирҳои заруриро меандешад..
“Мутобиқ ба қонунҳои умумибашарӣ ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба таҳсилоти босифат, аз ҷумла ҳуқуқи дастрасӣ ба оби тоза, санитария ва беҳдошт ҳангоми таҳсил дар муасисаи таълимиро соҳиб мебошад. Дастрасии мувофиқ бо оби тоза, санитария ва беҳдошт дар муасисаҳои таълимӣ ҷузъи калидии муҳити бехатар, орӣ аз хушунату зӯроварӣ фарогир ба самаранокии таълим барои ҳар як кӯдак ва наврас ба шумор меравад. Дар ин асос Ҳукумати Тоҷикистон стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул намуд, ки дар он ҳадафҳои рушди устувор ба таври барҷаста таҷассум ёфтаанд. Ба ҳадафи татбиқи амалии ин ҳуҷҷати муҳими ояндасоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш бар он дорад, ҷомеаи устувор ва дар сатҳи байналмилалӣ муттаҳид бо оби тозаро барои ҳар як шаҳрванд то соли 2030 ба вуҷуд оварда, дар заминаи амалкарди ин ҳуҷҷати муҳим тамоми имконоти заруриро идома созад”, – зикр намуд вазири маориф ва илми кишвар.
Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар баромади хеш зикр намуд, ки “Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун идомадиҳандаи сиёати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дар ҳалли мушкилоти дарпешистодаи марбут ба об бетараф набошанд. Ҷавонон метавонанд дар ҳалли мушкилоти имрӯза, аз ҷумла обу иқлим нақши муҳим дошта бошанд”.
Бояд гуфт, иштирокчиёни форуми имрӯза нақши Тоҷикистонро дар пешбурди ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим муҳим арзёбӣ намуда, ташаббусҳои Тоҷикистонро барои дастёбӣ бо оби тозаи ошомиданӣ шоистаи таҳсин донистанд.
Ёдовар мешавем, ки қисмати дуюми форум ҷавонони кишвар ва хориҷа баромад хоҳанд кард.
Баҳруллои Маҳмадшариф,
радиои “Тоҷикистон”