Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз дар “Кохи Сомон”-и Душанбе Форуми “Занон ва об” доир гардид.
Форуми мазкур таҳти унвони “Баробарии боадолатона ва фарог: Об моро муттаҳид месозад” бо ширкати намояндагони баландпоя сурат гирифт.
Дар кори форум намояндагони 49 давлати дунё, доираи васеи коршиносони соҳаҳои гуногун, сиёсатмадорон, кормандони соҳаи илм, фаъолони ҷомеаи шаҳрвадӣ, шарикони рушд ва сармоягузорон ширкат варзиданд.
Дар форум таъкид гардид, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон таъсири камшавии захираҳои об маҳз ба сифати зиндагии занону духтарон таъсир мерасонад. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар 80 фоизи хонаводаҳои саросари ҷаҳон, ки норасоии оби ошомиданӣ ба назар мерасад, масъули ҷамъоварӣ ва интиқоли он ба хонавода занону духтарон ҳастанд. Ин омил занону духтаронро водор мекунад, ки вақти пурқимати онҳоро мегирад. Дар сурати дастрасии пурра ба оби ошомиданӣ занону бонувон имконият пайдо мекунанд, ки вақти худро ба фаъолиятҳои даромаднок, таҳсил дар мактаб ва аз худ намудани донишҳои замонавӣ, технологияи муосир масраф кунанд.
Ҳадафи баргузории форумро созмондиҳандагон ва иштирокчиёни чорабинӣ ба роҳҳои ҳалли мушкилиҳо ва таҳкими фаъолият дар самти захираҳои об бо назардошти воқеияти гендерӣ ва алоқамандии онро бо рушди минбаъдаи раванди устувории об номиданд.
Ёдовар мешавем, ки 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор мешавад.
Машраби Холмаҳмад
радиои “Тоҷикистон”