Дар Душанбе Форуми «Занон ва об» оғоз гардид

Дар “Кохи Ваҳдат”-и Душанбе Форуми пешазконфронсии сатҳи баланди «Занон ва об» ба кори худ шурӯъ намуд.

Ин чорабинӣ таҳти унвони «Баробарии боадолатона ва фарогир: Моро муттахид месозад» баргузор шуда, дар он намояндахои 49 давлати дунё, аз он ҷумла, Директори минтақавии Дафтари минтақавии СММ – “Занон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ” Хонум Алия Элясир, Директори ичроияи Бунёди байналмилалии Шоҳигарии Академияи илмҳо малика Нисрин Ал-Ҳишимит, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Терхи Хакала, намояндагони Муколамаи занони Осиёи Марказӣ аз чумҳуриҳои Қазокистон, Қиргизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон , намояндаи масуси Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар назди пешвоёни Эътилофи об ва иқлим Султон Раҳимзода иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки 6-9 июни соли 2022  дар Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор мешавад.