Бори нахуст дар “Наврӯзгоҳ” Фестивали оби Душанбе баргузор мегардад

Имрӯз дар Душанбе барои нахустин бор дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Наврӯзгоҳ» Фестивали об баргузор мешавад. Он аз соати 18:30 то 21:00 идома меёбад.

Тибқи иттилои расмӣ, чорабинии мазкур рӯзи 6 июн баргузор мешавад. Фестивали об аз барномаи васеъ, аз ҷумла намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва эҷодкорӣ, таомҳои миллӣ, намоиши либосҳои миллӣ, барномаи консертӣ ва дигар намоишҳо иборат аст.

Гуфта мешавад, барои ширкат дар Конфронси обии шаҳри Душанбе ҳудуди 2000 нафар шахсиятҳои олӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон номнавис шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Фаъолгардонии амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” баргузор мегардад.

Конфронси Душанбе марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, хоҳад буд.

Интизор меравад, ки Конфронси Ню-Йорк на танҳо аз нигоҳи вақт (бори нахуст пас аз тақрибан 50 сол), балки аз ҷиҳати натиҷагирӣ низ таърихӣ буда, нуқтаи гардиш дар суръатбахшии амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои обро нишон медиҳад.