Дар доираи конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳайатҳои расмии кишварҳои Ҳиндустон ва Корея аз НОБ-и “Норак” дидан намуданд. Дар ин бора хабарнигорамон Мирсаиди Хайрулло иттилоъ медиҳад.
Ҳайати расмии Ҷумҳурии Ҳиндустон таҳти роҳбарии Вазири захираҳои оби Ҳиндустон Гаҷендра Сингх Шехават ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх ва ҳайати расмии Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Пак Че Ҳён, Президенти корпоратсияи оби Корея – “K-Water” дар ин мавзеъ ба тамошои осорхонаи таърихи сохтмони НОБ, Маркази идоракунии нерӯгоҳ, макони ҷойгиршавии чархаҳо ва қубури обпарто ошно шуданд.
Гаҷендра Сингх Шехават, Вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Ҳиндустон гуфт, Тоҷикистон кишвари хушбахт аст, ки дар саргаҳи оби нӯшокии кишварҳои Осиё қарор дорад. “Воқеан, нақши сарвари давлати шумо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рафъи мушкилии норасоии оби ошомиданӣ дар тамоми ҷаҳон бузург ва қобили ситоиш аст”.
Пак Че Ҳён, Президенти корпоратсияи оби Корея – “K-Water” низ аз тамошои маконҳои зебои НБО “Норак” ба ваҷд омада, табиати нотакрори кишвари моро тасхиркунанда ва ҷолиби таваҷҷуҳ унвон кард ва гуфт мехоҳад дар оянда ширкаташ бо коргоҳҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дошта бошад. Ба зикри ӯ, Тоҷикистон метавонад бо роҳандозии чунин чорабинҳои сатҳи баланд мушкилии норасоии оби ошомиданиро қисман ҳал кунадв а бештар аз ин, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъала ба таври ҷиддӣ равона намояд.
Ёдовар мешавем, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Фаъолгардонии амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор мегардад. Конфронси мазкур марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, хоҳад буд. Интизор меравад, ки Конфронси Ню-Йорк на танҳо аз нигоҳи вақт (бори нахуст пас аз тақрибан 50 сол), балки аз ҷиҳати натиҷагирӣ низ таърихӣ буда, нуқтаи гардиш дар суръатбахшии амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои обро нишон медиҳад.