Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) зери роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев, бозии дуюми дӯстонаро бар тими ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб (U-20) бо пирӯзӣ анҷом дод.
Дидори дастаҳо рӯзи 4-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби минималии 1:0 бар нафъи тими миллии Тоҷикистон анҷом ёфт. Голи ягонаи ин рақобатро аз ҳайати тими ҷавонони Тоҷикистон, дар дақиқаи 37-ум нимҳимоятгари дастаи “Динамо”-и Душанбе Бежан Нишонбойзода ба самар расонид ва ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард.
Дар бозии якуми дӯстона, ки ду рӯз қабл баргузор гардида буд, мунтахаби ҷавонони кишвар ҳамсолони аз Амороти Муттаҳидаи Араб будаашонро бо ҳисоби 3:1 мувоҷеҳи шикаст намуданд.
Бозии дӯстона:
Тоҷикистон (U-20) – АМА (U-20) 1:0
Гол: Бежан Нишонбойзода, 37-дақ.
Сорбон Амонуллозода,
радиои “Тоҷикистон”