Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тайёрии муҳорибавии ҳайати шахсӣ, саривақт хомӯш намудани ҳодисаҳои сӯхтор ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, тобоварӣ чусту чолокӣ ва ҷасорату мардонагии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ имрӯз дар Варзишгоҳи машқӣ – таълимии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе мусобиқаи варзиши касбӣ – оташнишонӣ доир гардид.
Мусобиқаи варзишии касбӣ – оташнишонӣ дар байни ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизонӣ аз рӯйи 5 навъи варзиш: давидан ба масофаи 100 метр бо монеъҳо; баромадан бо нардбони муҳорибавӣ ба ошёнаи чоруми манораи таълимӣ; баромадан бо нардбони сеқабата ба ошёнаи сеюми манораи таълимӣ; эстафетаи оташнишонӣ 4Х100 м; ва густариши муҳорибавӣ доир мегардад.
Мутобиқи маълумоти масъулин чунин мусобиқаи варзишӣ ҳамасола баргузор мегардад. Имсол бошад баргузории ин мусобиқа бо мақсади омодагӣ дидан баҳри иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши касбии оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ мебошад, ки охири моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон доир мегардад. Гуфта шуд, кимусобиқаи мазкур ду рӯз ва дар се марҳила баргузор гардида, дастаи пешсаф аз ҷониби доварон интихоб ва ба марщилаи баъдь рощхат дода мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи варзишии касбии оташнишонӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 35 – солагии Истиқлоли давлатии ҶТ роҳандозӣ ва дар саросари кишвар доир мегардад. Дастае, ки дар дохили кишвар ғолиб меояд, барои иштирок дар мусобиқаи байналмиллалӣ пешниҳод мегардад.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”