Футболбози маъруфи собиқи дастаи футболи “Помир”-и Душанбе Муҳсин Муҳамадиев ноиби аввали президенти бошгоҳи футболи “Истиқлол” гардид.
Тавре дафтари матбуотии бошгоҳи “Истиқлол” хабар медиҳад, Муҳаммадиевро ба ин мақом раҳбари бошгоҳи футбол Шоҳрух Саидзода таъйин намудааст.
Бояд гуфт, ки Муҳсин Муҳаммадиев аз соли 2013 то 2015 сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон буд. Пасон масъулияти сарварии бошгоҳи “Ордабас”-и Қазоқистонро бар дӯш дошт ва аз 31 октябри соли 2016 то 22 майи соли 2018 роҳбари “Истиқлол” буд.
Тими “Истиқлол” зери раҳбарии ӯ чандин бор дар мусобиқаи Лигаи олии футболи кишвар, Суперҷом, ду бор дар Ҷоми ФФТ пирӯз ва ба даври финалии Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфта буд.
Муҳаммадиев 10 июни соли 2019 сармураббии “Бухоро”-и Ӯзбекистон таъйин гардид ва қарордодашро бо ин тим 30 июни соли 2020 бекор кард.
Номбурда мураббии кордону номовар буда, дорои иҷозатномаи мураббии аврупоии “Pro” UEFA мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадиев 56 сол дошта, устоди варзиши СССР ва дар гузашта дар футбол ба ҳайси ҳамлавар ва нимҳимоятгар бозӣ мекард.
Фаъолияти мураббигияшро аз тими “Витяз”-и Подолски вилояти Маскав (2003-2008) оғоз карда, баъдан ба “Рубин”-и Қазон (2008-2012) гузашт.