Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳон, аз ҷумла натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Душанбе ва Тошканд, вокуниши зиёиён ва донишмандони кишвар ба ҳаводиси рӯзҳои охир дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ хабару гузориш ва мақолаҳои таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 31 май дар саҳфаи аввали худ таҳти сарлавҳаи «Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон» ва «Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон» оид ба натиҷаҳои сафари расмии Сарвари давлат ба Эрон хабару гузоришҳои муфассал нашр намудааст.
“Ҷумҳурият” дар ин шумораи хеш ҳамчунин матлабе бо номи «Тағйирёбии иқлим. Тоҷикистон мизбони конфронси муҳими ҷаҳонӣ» мусоҳиба бо муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Назриало Шерализодаро чоп карда, зимни он мушкилоти тағйирёбии иқлим, бахусус осеб дидани захираҳои барф ва пиряхҳро, ки вобаста ба ин масъалаи муҳим аз 6 то 9 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалӣ баргузор мегардад, баррасӣ намудаанд.
Назриало Шерализода дар мавриди вазъи пиряхҳои Тоҷикистон таъкид кардааст, ки пиряхҳои кишвар дар ҳолати таназзулёбӣ қарор дошта, сарҳади забонаи як қатор пиряхҳои азим, аз қабили пиряхи Зарафшони ҳавзаи дарёи Зарафшон ва пиряхи Ғармо дар ҳавзаи дарёи Обихингоб дар давоми 30 соли охир ҳаҷмашон аз 1,5 то 3,5 километри мукааб кам гардидааст. Ба гуфтаи номбурда, натиҷаи мушоҳида ва омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон, ки дар 65 соли охир аз ҷониби Агентии обуҳавошиносӣ амалӣ мегардад, вазъи ҳамсонро дар дигар пиряхҳои ҳудуди ҷумҳурӣ нишон медиҳад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 1 июн мақолаи таҳлилии Абдуҷаббор Раҳмонзода сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар мавриди тақвияту густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни ду кишварро чоп кардааст. Муаллиф дар ин мақола таъкид мекунад, ки айни замон миёни сохторҳои мухталифи давлативу хусусии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз 200 созишнома ва шартномаҳо ба имзо расиданд, ки ҳар кадом дар рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мусоидат мекунад. Ба гуфтаи муаллиф дар муддати чор соли охири шарикии стратегӣ ва ҳамҷаворӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳамкориҳо вусъат ёфта, ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистон Ӯзбекистон аз 287 млн. доллар дар соли 2018 то 447,8 млн. доллар дар соли 2021 афзоиш ёфтааст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 2 июн матлабе бо номи “Тафсилоти рӯйдодҳои Бадахшон” чоп карда, навиштааст, ки ахиран Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ректори Донишгоҳи мазкур ва устодону муҳассилин намоиши филми мустанади «Шикасти фитна» ва мулоқот бо зиёиёну омӯзгорон доир гардид.
Алишер Мирзонабот раиси вилояи Бадахшон зимни баррасии ҳаводиси рӯзҳои гузашта, таъкид кардааст, ки Феълан вазъият дар ноҳияи Рӯшону шаҳри Хоруғ пурра зери назорати мақомоти марбута қарор дошта, тартиботи ҷамъиятӣ таъмин аст. Вале ба гуфтаи раиси вилоят ҳодисаҳои ҳамсон маҳз аз бетарафии қишри зиёӣ, аз ҷумла баъзе омӯзгорони донишгоҳ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, волидон ва дигар шахсоне, ки дар ҷомеа масъуланд, сарчашма мегирад.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 28 май масъалаи мубориза бо малахро дар вилояти Хатлон баррасӣ кардааст. Саид Холов муовини сардори филлиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон гуфтааст, ки то 21 майи соли ҷорӣ дар беш аз 69 ҳазор гектар заминҳои ин вилоят коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст.
Дар баробари ин муаллифи матлаб таъкид кардааст, ки ҳарчанд Саид Холов иддао дорад, ки мавзеъҳои паҳнгаштаи малах замини ғайрикишоварзӣ мебошанд, аммо мушоҳидаҳо аз соли гузашта гувоҳи онанд, ки дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳашарот ба замини корами сокинон низ зарари ҷиддӣ расонид.
“Ҷаҳони паём” – нашрияи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равзанаи “Минбари андеша” вокуниши иддае аз зиёиён, донишмандон ва олимонро ба ҳаводиси ахир дар вилояти Бадахшон чоп кардааст. Аскар Ҳаким Шоири халқии Тоҷикистон ба ин нашрия гуфтааст, ки ҳодисаҳои рӯзҳои охир дар вилояти Бадахшон ва аксуламали давлат ба онҳо, танҳо иқдоме барои таъмини оромӣ, амният ва аз фишору таҳдид озод кардани мардум бояд маънидод шавад ва дар ин ягон шаку шубҳае вуҷуд надорад. Аз сӯи дигар адабиётшинос Боймурод Шарифзода гуфтааст, ки ҳаводиси Бадахшон ба масъалаи давлатдорӣ, интизоми зиндагӣ дар чорчӯби қонуният ва ақли солим рабт дошта, ба ин ҳаводис аз ҳамин дидгоҳ, яъне як будани низом дар ҳама манотиқи Тоҷикистон мебояд назар кард.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 1 июн дар мақолае аз афзоиши якбораи нархи шакар дар бозорҳои кишвар изҳори нигаронӣ карда, навиштааст, ки дар панҷ моҳи охир қимтаи 1 кг. шакар аз 8 сомонӣ то 13-14 сомонӣ боло рафтааст. Муаллиф дар ин замина аз пешниҳоди Пажӯҳишгоҳи иқтисоду демография ёдовар шудааст, ки гуфтааст дар Тоҷикистон бояд кишти лаблабуи қанд ба роҳ монда шуда, шакар дар дохили кишвар истеҳсол шавад. Зеро дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон тамоми шакари мавриди ниёзи худро аз хориҷа ворид мекунад ва ахиран Покистон содироти ин намуди маҳсулотро ба хориҷа манъ кард.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 2 июн дар мақолае масъалаи таъминоти мардуми Тоҷикистон бо гандум ва ордро баррасӣ кардааст. Муаллиф навиштааст, ки Тоҷикистон ният дорад дар ду соли оянда воридоти гандумро аз 1.1 млн. тонна дар сол то ба 1.4 млн. тонна то соли 2024 афзоиш диҳад. Дар ин замина таъкид мешавад, ки Тоҷикистон танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аллакай беш аз 238 ҳазор тонна гандум аз хориҷа ворид кардааст.
Ба иддаои муаллиф айни замон дар анборҳои ширкатҳои давлативу хусусӣ дар Тоҷикистон 600 ҳазор тонна гандуму орд захира мавҷуд аст, ки барои 6 моҳ басанда аст. Дар баробари ин ҳар моҳ Тоҷикистон тақрибан 100 ҳазор тонна гандум ворид мекунад. Гуфта мешавад дар ҳоле ки ниёзи солонаи Тоҷикистон ҳудуди 2 млн. тонна аст, кишоварзони ҷумҳурӣ ният доранд имсол баш аз 900 ҳазор тонна ҳосили гандум ба даст оваранд.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 2 июн дар равзанаи сардабир матлабе бо номи “Дашном” чоп карда, навиштааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳақорату бадгӯӣ аз хиёбонҳои Душанбе ва бозорҳои Русия ба шабакаҳои иҷтимоӣ кӯчида, ба анъанаи маъмулии баҳс миёни тоҷикон табдил шудааст. Ба навиштаи муаллиф айни замон шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус “Фейсбук” ба майдони ҳақорату дашном, туҳмату тавҳин ва сиёҳ кардани якдигар дигар рисолате надорад.
Давлатов О.
радиои “Тоҷикистон”