Боздошти сокини шаҳри Турсунзода бо гумони заминфурӯшӣ: 120 сомонӣ гирифт

Кормандони милитсияи шаҳри Турсунзода як сокини 46-солаи ин шаҳрро бо гумони қаллобӣ ва гирифтани маблағи калон аз ҳамшаҳрияш боздошт намудааст.

Ба гузориши сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, марди 56-сола ба идораи милиса дар шаҳри Турсунзода муроҷиат карда арз доштааст, ки ҳанӯз моҳи майи соли 2020 марди 46-сола ба бовараш даромада, аз ӯ 120 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Гуфта мешавад, ба ивази ин миқдор маблағ гумонбар ба ӯ ваъда додааст, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмонов ба масоҳати 0,08 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ медиҳад.

“Аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад”, – омадааст дар хабарнома.