Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти соҳибкорони вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон барпо гардид, ки зимни он 15 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар мулоқот муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва ноиби ҳокими вилояти Фарғона Алибек Турсунов ширкат доштанд.
Ба иттилои манбаъ, дар форуми тиҷорӣ миёни ширкатҳои ду ҷониб 15 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳамчунин чанд санади ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, чорводорӣ, саноати сабук, коркарди чарм ва ғайра ба имзо расиданд.
Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов иброз доштааст, ки гурӯҳи соҳибкорон бо ташаббуси роҳбарони вилоятҳо тайи се рӯз дар вилояти Суғд бо соҳибкорони тоҷик мулоқот менамоянд.
Манбаъ афзуд, дар форум соҳибкорони кишвари ҳамсоя ба ярмаркае, ки 17-18 июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, даъват гардиданд. Дар доираи ин форум миёни ду вилоят имзо шудани чанд санади ҳамкорӣ дар назар аст. Гуфта мешавад, шарикон дар якчанд самт, аз ҷумла саноати сабук – коркарди пурраи нахи пахта бештар майл доранд.
Зимни гуфтушуниди тарафайн дар бораи фаъолият ва Шӯрои тиҷоратии дуҷониба, афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, зарурати баргузории вохӯриҳои муштарак ва форумҳои тиҷоратӣ ҷиҳати муайян намудани иқтидори сармоягузорӣ пешниҳодҳо ироа гардидааст.