Асламҷон Азизов, гуштигири тоҷик дар мусобиқаи рейтингии Ҷоми Болат Турлихонов, ки 2 июн дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон оғоз гардид, дар вазни 55кг–и равияи юнонӣ–римӣ медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин маврид аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Асламҷон қувваозмоиро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Эрон Пуё Дод Марз шикаст хӯрд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои мақоми сеюм бар варзишгари Ҳиндустон Арҷун Ҳалакуркӣ пирӯз гардид.
Дар рӯзи аввали мусобиқа ҳамчунин Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60кг гуштӣ гирифта, дар даври муқаддамотӣ варзишгари Қирғизистон Куттубек Абдукарим уулуро мағлуб намуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Эрон Пуё Муҳаммад Носирпур ва дар қувваозмоӣ барои мақоми сеюм аз намояндаи кишвари мизбон Ернур Фидахметов шикаст хӯрда, ҷои панҷумро касб намуд.
Манбаъ афзуда, имрӯз дар рӯзи дуюми мусобиқа се варзишгари тоҷик дар равияи гуштии юнонӣ-римӣ қувва месанҷанд: Шероз Очилов дар вазни 72кг, Ҳабибҷон Зуҳуров дар вазни 77кг, Суҳроб Абдулҳаев дар вазни 82кг.
Ҳамчунин чор варзишгари дигари мо дар гуштии озод сабқат хоҳанд кард. Қувваозмоиҳои ин равия 4-5 июн доир мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқа зиёда аз 275 варзишгар аз 15 давлат иштирок доранд.