Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори минтақавии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ мулоқот намуда, дархост кардааст, ки маблағгузориро ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ зиёд намоянд. Дар ин бора вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар дода менависад, ки ин “дархост хуш пазируфта шуд”.
Гуфта мешавад, ки 2-юми июни соли 2022 дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори минтақавии БИР дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардид.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои самарабахш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи БИР, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор, кишоварзӣ, савдои хориҷӣ, бахши хусусӣ, маориф ва иҷрои лоиҳаҳои амалишавандаи БИР дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Илова бар ин аз намояндаи минтақавии БИР дархост гардид, ки ҷиҳати роҳ надодан ба кашолаёбии татбиқи лоиҳаҳои БИР дар Тоҷикистон ва тақвият додани раванди иҷрои лоиҳаҳои амалкунанда тадбирҳои зарурӣ рӯи кор оварда шаванд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба баён намуданд.