“Талафоти ҷониву хисороти дигар нест”: шарҳи КҲФ аз заминларза

КФҲ заминларзаи шаби гузаштаро дар ҷумҳури шарҳ дода, гуфтааст, ки аз талафоти ҷонӣ ва хисорати дигар хабар нарасидааст. 

Дар хабарномаи ин ниҳод гуфта мешавад, ки “бино ба гузориши Институти геология ва сейсмологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаби гузашта, 2-уми июн соати 23:34 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ларзид”.

Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза 59 километр шарқи шаҳри Душанбе ва 12 километр ҷанубу шарқи Турсунзода дар қаламрави вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Қувваи заминларза дар маркази он 4,4 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил дод.