Идомаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Урганҷ ва Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон

3 июн сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон идома ёфт.

Дар рӯзи дуюми сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Урганҷ ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Урганҷ меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти кишвари дӯсту ҳамсоя муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва мардуми меҳмоннавози узбек самимона истиқбол гирифтанд.