Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мактаби камонварӣ сохта мешавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, маросими гузоштани санги асос ба сохтмони мактаби камонварӣ бо ширкати раиси ин вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, фармоишгари иншоот идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои асосӣ аз 2 ошёна иборат хоҳад буд.
Дар ошёнаи якум утоқҳои кории маъмурият, пизишкон, мураббиён, ҷойи оббозӣ, ҷойи либоскашӣ ва толори маҷлисгоҳ ҷойгир мешавад. Дар саҳни ошёнаи якум майдони камонварии тобистона сохта хоҳад шуд.
Дар ошёнаи дуюм бошад, толори варзишӣ барои гузаронидани машқҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо аз рӯйи камонварӣ, утоқи либоскашӣ ва утоқ барои нигоҳ доштани таҷҳизотҳои камонварӣ ҷойгир мешавад.
Аҳмадзода дар суҳбат бо варзишгарон гуфтааст, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо иншооти нав бунёд мегардад.
Раиси вилоят итминон дорад, ки бо фаъол гардидани мактаби варзишии камонварӣ барои машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аз миёни онҳо қаҳрамонҳое чун Зебунисо Рустамова ба камол мерасанд.