“Садои Душанбе” сершунавандатарин радиои кишвар эътироф шуд

Мувофиқи натиҷагирии Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” имрӯз дар Тоҷикистон аз миёни 10 шабакаи радиоии давлатӣ ва 22 радиоҳои ғайридавлатӣ шабакаи “Садои Душанбе” мақоми аввалро касб намуда, яке аз сершунавандатарин шабакаи радиоии умумимиллӣ эътироф гардидааст.

Дар ин бора ҳамкорамон Комрони Абдувалӣ иттилоъ медиҳад. Тибқи раддабандӣ дар зинаи аввал шабакаи “Садои Душанбе” қарор гирифта, 50%-и овози шунавандагонро соҳиб гаштааст ва дар зинаи баъдӣ радиоҳои “Тоҷикистон”, “Фарҳанг” ва “Овози тоҷик” қарор доранд.

Ҳамзамон мақоми аввали пешсафони ширкатҳои радиоиву телевизионҳои хусусиро радиои “Ватан” бо гирифтани 18%-и овоз, радиои “Имрӯз” бо касби 17%-и овоз ва “Азия Плюс” бо соҳиб шудани 9 фоизи овоз ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд. Мувофиқи раддабандии манбаъҳои асосии иттилоот низ дар Тоҷикистон шабакаи радиоии “Садои Душанбе” бо гирифтани 16 фоизи овоз зиннаи аввалро соҳиб гардидааст.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе муаррифии тадқиқоти “Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо” баргузор гардид. Иҷрокунандагони лоиҳа доир ба натиҷаи тадқиқоти анҷомдодашудаашон маърӯза намуда, фоизи аудиторияи ВАО- и кишварро муайян намуданд.   

Гуфта шуд, ки дар маҷмуъ, дар доираи тадқиқот зиёда аз 2,5 ҳазор посухдиҳандагон аз тамоми гӯшаҳои ҷумҳурӣ ширкат намудаанд. Лоиҳаи тадқиқотиро созмонҳои ҷамъиятии «Машварати расонавӣ», «Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, анҷом додаанд. Дар оғози чорабинӣ сардабири “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов баромад намуда, зикр дошт, ки тадқиқоти мазкур ба муайян намудани аудиторияи ВАО дар Тоҷикистон, афзалиятҳои он дар истифодабарии намудҳои гуногуни ВАО нигаронида шудааст.

Таъкид гардид, ки ҳадафи тадқиқоти мазкур муайян намудани сатҳи истифодабарии аҳолии Тоҷикистон аз васоити ахбори оммаи ватанӣ, муайян намудани симои корбарон, инчунин ошкор намудани талаботи итилоотии аудиторияи мебошад. Н. Юсупов зимни баромади хеш қайд намуд, ки  фанновариҳои нав дар тамоми ҷаҳон тамоюлоти навро ҷорӣ намуданд, ки феълан омӯхта нашудаанд. Аз ин рӯ, як қисмати ин тадқиқот ба муайян кардани дараҷаи гузариши аҳолии Тоҷикистон ба фанновариҳои нав бахшида шудааст.

«Тадқиқот нишон дод, ки аҳолии Тоҷикистон ба таври мунтазам ба фанновариҳои нав мегузарад, – изҳор дошт, директори Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» Қаҳрамон Бақозода. Ба иттилои номбурда, афзоиши ҳиссаи корбарони интернет ба амал омада истодааст, ҳарчанд ин суръат дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя баланд нест, бо вуҷуди ин дигаргуниҳо назаррасанд. 

Ҳамзамон, дар ин чорабинӣ зикр гардид ки сарфи назар аз тағйирёбии босуръати сохтори расонавӣ, шабакаҳои радиоии Тоҷикистон тавонистанд ҳамчун омили субот, манбаъи муҳиму фаврии иттилои хабарӣ, маърифатӣ ва фароғатӣ, инчунин дар ҳаолтаҳои фавқулодда такягоҳи фард ва давлат боқӣ монанд. Пахши интернетии радио – ин қарори нави фановарӣ барои Тоҷикистон аст.

Дар мақоми аввали пешсафони шабакаҳои радиоии умумимиллӣ мисли пештара шабакаи радиоии “Садои Душанбе” қарор гирифта, 50%-и овози шунавандагонро соҳиб гаштааст. Ва дар зиннаи баъдӣ радиоҳои “Тоҷикистон”, “Фарҳанг” ва “Овози тоҷик” қарор доранд. Ҳамзамон мақоми аввали пешсафони ширкатҳои радиоиву телевизионҳои хусусиро радиои “Ватан” бо гирифтани 18%-и овоз, радиои “Имрӯз” бо касби 17%-и овоз ва “Азия Плюс” бо соҳиб шудани 9 фоизи овоз ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.

Баҳруллои М.