“Ҷумҳурият”: Пешвои миллат соҳиби мактаби хоси давлатдорӣ мебошанд (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба муҳимтарин таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикситон ва ҷаҳон, аз ҷумла сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ш. Шоҳини вилояти Хатлон, болоравии қурби рубли русӣ ва коҳиши арзиши доллар дар бозори асъори Тоҷикистон ва мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини волоияти қонун дар ВМКБ таваҷҷуҳ кардаанд.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 26 май мақолае бо номи “Президенти муваффақ, сарвари давлатсоз, шахсияти таърихӣ” нашр карда менависад, ки аз рӯзҳои аввали сарварии худ Пешвои миллат роҳи азнавсозии давлати муосири тоҷиконро пеша карда, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ намуданд ва асосҳои иқтисодии давлати моро бар пояи эътирофи тамоми шаклҳои моликият гузоштанд.

Профессор Хуршед Зиёӣ, муаллифи мақола таъкид мекунад, ки Сарвари кишвари мо дар идоракунии давлат соҳиби мактаби хоси худанд, ки дар ҷавҳари он давлатсолорӣ ва ислоҳотгароӣ қарор дошта, аз ҷониби дигар, такя ба халқ ва дастгирии халқ муҳтавои асосии ин мактаби идоракунии давлатиро ташкил медиҳанд.  

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигари ин шумораи хеш аз вазъияти ногувори беморхонаи минтақавии деҳоти Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав интиқод кардааст. Муаллифи матлаб менависад: “Аҳволи ҳуҷраҳои шуъба аз берунаш дида бадтаранд. Аз дастгоҳҳои тиббӣ пораҳои шикаста осор мондаанд. Бетардид, бино даҳсолаҳост, ки на зоҳиран ва на дохилан рӯи таъмирро надидааст. Маҳз аз бетаваҷҷуҳию саҳлангории масъулони собиқу имрӯзи ноҳия шуъба ба чунин ҳоли ногувор мувоҳеҷ гаштааст. Аз вазъи иншооти ёрирасон, хусусан ошхона ва ҷойи шустушӯи либосҳои беморхона ҳарфи гуфтан нест”.

Ба хулосаи муаллиф, масъулони кунунии ноҳия ҳам нияти эҳёи комили ин беморхонаи вайронаро надоранд ва савол ин аст, ки беморхона бо ҳама мушкилоташ то кай муаллақ мемонда бошад? Посухро аз масъулон интизорем…

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 26 май хабар додааст, ки дар ҷаласаи рӯзи 25 майи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» баррасӣ ва тасвиб шуд.

Нашрия менависад, ки дар ин ҷаласаи парлумон Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъкид кардааст, айни замон дар Тоҷикистон теъдоди истеҳсолкунандагони доруи ватанӣ ба 50 адад расидааст, ки онҳо зиёда аз 300 номгӯй дору истеҳсол мекунанд. Ба гуфтаи Муҳсинзода, дар кишвар барои истеҳсоли дору ва захираи он ҳама шароит муҳайё буда, алҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 4500 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунанд, ки онҳо бо доруҳои зарурӣ таъминанд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 26 май дар мақолае бо номи “Рӯзи Нур ё дидори шоҳзода Карим Оғохони IV”  навиштааст, ки ҳамасола дар ВМКБ рӯзи 24 май ба унвони “Рӯзи Нур” ё “Дидор” ҷашн гирифта мешавад, зеро дар ин рӯз соли 1995 шоҳзода Карим Оғохони IV имоми 49-уми исмоилимазҳабони ҷаҳон аввалин бор ба Тоҷикистон омад. Ба навиштаи муаллиф, то  вақте ки шоҳзода Карим Оғохони дурандешу хирадманд маслиҳатгари пайравонаш мемонад, мардуми исмоилимазҳаб, аз ҷумла мардуми барӯманди Бадахшонзамин аз пайи афроди ҷиноятпеша гом нахоҳанд гузошт.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре аз афзоиши нархи равғани рустанӣ дар Тоҷикистон тайи рӯзҳои охир изҳори нигаронӣ карда навиштааст, ки дар ҳоли ҳозир қимати як литр равғани воридотӣ аз Русия то ба 30 сомонӣ боло рафтааст. Ба навиштаи муаллиф, алҳол 60 дарсади равғани мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Русия ворид кард мешавад.

Инчунин арзиши равғани истеҳсоли дохилӣ низ дар ҳафтаи охир аз 21 то 25 сомонӣ барои як литр афзоиш ёфт. Муаллиф аз қавли бархе сокинони пойтахт навиштааст, ки мақомоти масъул бояд дар амри танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон бояд иқдомоти ҷиддӣ рӯи даст бигиранд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 26 дар сармақолаи худ бо номи “Қиматшавии рубл ва арзонии доллар” ин саволро матраҳ кардааст, ки ин ҳолат ба некуаҳволии мардуми Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад гузошт? Нашрия аз қавли таҳлилгарон навиштааст, аз як сӯ, чунин ҳолат ба нафъи муҳоҷирони корӣ ва хонаводаи онҳост, ки даромадашон аз рубли русӣ зиёд мешавад. Аммо аз ҷониби дигар, ба гуфтаи тоҷирон, дар чунин ҳолат нархи молҳои воридотӣ аз Русия дар бозори Тоҷикистон боло меравад.

Дар баробари ин, ба гуфтаи коршиносони масоили иқтисодӣ, Тоҷикистон дар тиҷорати хориҷии худ бо аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамоно бо доллари амрикоӣ додугирифт мекунад, ки дар ҳолати коҳиши қимати доллар мизони тиҷорати хориҷӣ метавонад коҳиш ёбад.

Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре масъалаи таъминоти аҳолии Тоҷикистонро бо гӯшти гов, мурғ ва моҳӣ  матраҳ карда навиштааст, ки соли 2021-ум дар кишвар 227,7 ҳазор тонна гӯшти чорво ва 44 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст. Дар баробари ин соли гузашта дар Тоҷикистон танҳо 2,2 ҳазор тонна моҳӣ истесол шуда, инчунин наздики 5 ҳазор тонна гӯшти моҳӣ аз хориҷа ворид шудааст. Дар ҳоле ки ниёзи солонаи мардуми Тоҷикистон бар асоси меъёрҳои тасдиқшуда 86 ҳазор тонна гӯшти моҳӣ аст.

Муаллиф аз қавли коршиносон навиштааст, ки мутаассифона Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ, дар бахши истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ то ҳол дар зинаҳои поён қарор дорад. Дар ҳамин ҳол ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар Тоҷикистон танҳо 20 дарсади иқтидорҳои истеҳсолӣ барои тавлиди гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ истифода мешаваду халос.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 26 май дар мақолае бо номи “Ҳалқаҳои як занҷир” навиштааст, ки таҳдиди Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ба Тоҷикистон ва пас аз он эълони хабари таъсиси шохаи мусаллаҳи мухолифин аз сӯи Муҳиддин Кабирӣ раҳбари ТЭТ ҲНИ тасодуф нест.

Ба навиштаи муаллиф, ба дунболи ин гуфтумонҳо ҳодисаи рӯзҳои 17-18 май дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ иттифоқ афтод. Муаллиф дар фарҷом савол гузоштааст, ки магар ин ҳама силсилаҳои як занҷир нестанд?

Давлатов О.

радиои “Тоҷикистон”