Тими мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Сурия бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Сурия дар мавриди баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Сурия ва Тоҷикистон рӯзи 1-июн дар Дубай баргузор мегардад. Вақти баргузории мусобиқа бо вақти Тоҷикистон 20:00 муайян гардидааст. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон дар саҳифаи расмиаш хабар дод.
Қобили зикр аст, ки тими мунтахаби Тоҷикистон баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай ба Бишкек сафар карда, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” 3-бозӣ анҷом медиҳад. Рақибони тими мунтахаб дар ин мусобиқа Мянмар (8-июн), Сингапур (11-июн) ва Қирғизистон (14-июн) ба шумор меравад.