Намояндаи Чин: Мо аз ҳукумати фарогир бо иштироки тамоми ақалиятҳои қавмӣ дар Афғонистон пуштибонӣ мекунем

Чен Гопин, намояндаи махсуси амнияти Вазорати корҳои хориҷии Чин мегӯяд, ки дар баробари дигар мамлакатҳо Чин аз ташкили ҳукумати фарогири тамоми ақалиятҳои миллӣ дар Афғонистонро пуштибонӣ мекунад ва омодаи кумак ба ин раванд аст.

Дар бора Чен Гопин, намояндаи махсуси амнияти Вазорати корҳои хориҷии Чин 4-умин муколамаи амнияти минтақавӣ оид ба Афғонистон,  ки  дар шаҳри Душанбе ҷараён дошта, дар он мушовирони амнияти миллӣ ва котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон иштирок доранд, иброз дошт. 

Ҳамзамон намояндаи амниятии Чин дар нишасти мазкур иброз дошт, ки мо ҳамеша омода ҳастем ҳама гуна кумакҳоро барои мардуми Афғонистон ба роҳ монем.  “ Мамлакати мо аз роҳандозии кӯмакҳои башардӯстона дар Афғонистон пуштибонӣ менамояд. Умедворем намояндаҳои амнияти дигар кишварҳо низ ин масъаларо ҷиддӣ қабул мекунанд. Зеро то рафт авҷ гирифтани низоъ боиси буҳрони мураккаби гуруснагӣ миёни мардуми осоишта дар Афғонистон мегардад”- гуфт Чен Гопин, намояндаи махсуси амнияти Вазорати корҳои хориҷии Чин

Дар нишасти мазкур намояндаҳои мушовирони амнияти миллӣ кишварҳои Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок карда истодаанд.

     Фирдавси Низом

радиои “Тоҷикистон”