Брифинги тадорукотӣ оид ба конфронси дуввуми байналмилалии об доир шуд

Дар доираи омодагиҳо барои дар сатҳи баланд баргузор намудани конфронси дуввуми байналмилалӣ оид ба татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, — 2018-2028», ки 6-9 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинги тадорукотию ташрифотӣ доир шуд.

Дар нишаст Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои хориҷӣ, коршиносон ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.

Меҳвари мавзӯъҳои муҳокимашударо раванди омодагӣ ба танзими чорабиниҳои Конфронси дуюми Душанбе, боздиди саёҳатӣ барои меҳмонони конфронс аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихии кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди назар ташкил дод.Зикр гардид, ки ҳамоиши байналмилалии дар пешистода бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии СММ гузаронида шуда, барои ноил шудан ба вазифа ва ҳадафҳои марбут ба об, ҳамчунин барои тақвият бахшидани “овози байналмилаии об” ва барои таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ зарур дониста мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи конфронс баргузории чандин чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, инчунин намоишҳои театрикунонидашуда ва фестивали об дар назар аст.Дар конфронси даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, — 2018-2028», ки муаллифи асосии он Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, намояндагон аз кишварҳои аъзои СММ ва шахсони баландпояи созмонҳои минтақавӣ даъват мегарданд. Интизор меравад, ки дар Конфронси дуввуми байналмилалии об 700 нафар намояндаи ташкилотҳои байналмилалӣ аз 80 давлати дунё иштирок мекунанд. 500 нафар намояндагони кишварҳои хориҷӣ дар он дар шакли маҷозӣ (онлайнӣ) ширкат хоҳанд намуд.