Дар шаҳри Душанбе 4-умин муколамаи амнияти минтақавӣ оид ба Афғонистон ба кори худ шурӯъ намуд.
Тавре хабарнигори радиои “Тоҷикистон” Баҳруллои Маҳмадшариф аз макони ин чорабинии сатҳи минтақавӣ хабар дод, дар оғози чорабинӣ котиби амнияти миллии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода баромад намуда, зикр кард, ки бояд дар Афғонистон ҳукумати фарогир бо шумули тамоми ақвом таъсис дода шавад, то ин ки қабули ҳамагон гардад. Ҳамзамон Нусрулло Маҳмудзода таъкид намуд, ки бояд кишварҳои ҷаҳон ва минтақа ба Афғонистон кӯмаки башардӯстона намояд.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи имрӯза мушовири амнияти миллии Чин иброз намуд, ки имрӯз Афғонистонро бӯҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифтааст. ” Имрӯз миллионҳо сокини Афғонистон дар ҳоли фақру нотавонӣ қарор дорад. Аз ин рӯ талошҳои муштарак ва ҳамкории кишварҳои минтақа дар самти кумаки башардӯстона метавонад ба беҳ гардидани сатҳи зиндагии мардуми Афғонистон мусоидат намояд”- зикр кард мушовири амнияти миллии Чин.
Инчунин, дар чорабинии мазкур мушовирони амнияти миллии кишварҳои Ҳиндустон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии исломии Покистон, Федератсияи Русия, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ суханонӣ намуданд. Дар назар аст, ки имрӯз гуфтушуниди дуҷонибаи намояндагони мушовирони амнияти миллии минтақавӣ баргузор гардад.
Баҳруллои Маҳмадшариф.