Имрӯз, 26 май дар Маркази тадқиқиоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзуи “раванди ташаккули “буҳрони Афғонистон” ва таъсири эҳтимолии он фазои сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ: нигоҳ аз Тоҷикистон” мизи гирд баргузор шуд. Дар ин бора хабарнигори Радиои “Тоҷикистон” аз макони баругзории мизи гирд хабар дод.
Дар ҳамоиш қайд гардид, ки дар Афғонистон беш аз 40 сол аст, ки дар чанголи ҷанг қарор дорад. Омили ҷангу низоъҳо дар ин сарзамин гуногун буда, бархурди манфиатҳои давлатҳои гуногун дар ин ҷо яке аз омилҳои асосӣ арзёбӣ мегардад. Давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон ҳамсарзад мебошад.Давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад мебошанд, табиист, ки “буҳрони Афғонистон” ба амнияти онҳо таъсиргузор бошад.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки имрӯз Афғонистонро буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта, миллионҳо сокини он дар рӯ ба рӯи марг қарор дорад. Аз ин лиҳоз кӯшишҳои муштарак ва ҳамкории давлатҳои минтақа дар самти кумаки башардӯстона метавонад ба беҳ гардидани сатҳи зиндагии мардуми Афғонистон мусоидат намояд. Ҳалли эхтимолии буҳрон дар Афғонистон дарозмуддат аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори баркарории сулҳу оромӣ дар Афғонистон ва ҳифзи суботи сиёсии минтакаи Осиёи Марказӣ аст.
Дар умум, имрӯз дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд:
* вазъи сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ дар пасманзари буҳронҳои давомдори Афғонистон;
* арзёбии ҳамкории давлатҳои минтақа дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи сарҳади давлатҳо;
* арзёбии мавкеи сулҳхоҳонаи Тоҷикистон дар робита ба “буҳрони Афғонистон”;
* нақши СААД дар ҳифзи амнияти минтақаи Осиён Марказӣ;
* тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳошияи СҲШ ва масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ ва ғайра.
Фирдавси Низом
радиои «Тоыикистон»