27 май дар Душанбе даври 4-уми машваратҳои бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амният оид ба масъалаи Афғонистон доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре дар Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ доданд, дар назар аст, ки масъалаҳои «вобаста ба вазъ дар Афғонистон, инчунин хатару таҳдидҳо ба кишварҳои минтақа, ки аз қаламрави Афғонистон бармеоянд», баррасӣ шаванд.
Ёдовар мешавем, ки даври 3-юми машваратҳои бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амният оид ба масъалаи Афғонистон 10 ноябри соли 2021 дар Деҳлии Нав — пойтахти Ҳиндустон баргузор гардида буд. Дар он мушовирон оид ба амнияти миллӣ/котибони Шӯрои амнияти миллии Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар ҷаласа котиби Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода намояндагӣ намуд.
Иштирокчиён вазъи тағйирёбандаи Афғонистон, бахусус дар бахши амниятӣ ва пайомадҳои онро барои минтақа ва ҷаҳон баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ба вазъи кунунии сиёсии Афғонистон ва таҳдидҳои терроризм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин ба зарурати кумакҳои башардӯстона таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.