ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ТОШКАНД 9-МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД

Тибқи иттилои Федератсияи таэквандо (WT)-и Тоҷикистон, аз 21-ум то 24-уми май дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқа миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид. Дар мусобиқа беш аз 1200-варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Дар мусобиқаи мазкур 36-варзишгар Тоҷикистонро муарифӣ намуда, ба гирифтани 4-медали нуқра ва 5-медали биринҷӣ даст ёфтанд.

Медалҳои нуқраро Абдуҷаъфари Баҳодур (45кг), Мино Шарифова (55кг) миёни наврасон, Фарида Ғуломова ва Муниса Ойматова (53кг) миёни калонсолон ба даст оварданд.

Хосият Сафарова (41кг), Нурина Алиназарова (41кг) миёни наврасон, Муниса Исматова (57кг), Муҳаммадҷон Сунатов (63кг) ва Абумуталиб Мирзоев (58кг) миёни калонсолон соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.