23 майи соли 2022 мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷаноби Луи Женмин доир гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва иштироки ҷаноби Лиу Женминго ба ҳайси ҳамраиси Конфронси мазкур, ки 6-9 июни соли 2022 дар ш.Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин, атрофи аҳаммияти баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” барои Конфронси 2023 табодули назар сурат гирифт.