Вазорати фарҳанг ба китобхонаҳои ноҳияҳои водии Рашт 4 300 нусха китоб бо маблағи 150 000 сомонӣ тақдим намуд

Дар маҷмӯъ ба китобхонаҳои марказии ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор 4 300 нусха китоб бо маблағи 150 000 сомонӣ тариқи ройгон аз ҳисоби “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2032-2025” тақдим гардид. Содиқи Завқӣ – Директори Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора хабар додааст.

Ба иттилоим манбаъ, корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб” аз ҳисоби “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” 834 нусха китоб бо маблағи 29 568 сомонӣ тариқи ройгон ба китобхонаҳои ноҳияи Тоҷикобод тақдим намудааст..

Аз ҳисоби Барнома ба китобхонаҳои марказии ноҳияи Сангвор 230 нусха китоб бо маблағи 21 278 сомонӣ ройгон ба китобхонаҳои ноҳия тақдим гардид.

Дар ҳамин гуфта намушдааст, ки ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Лахш ба чи миқдор китоб тақдим шудааст.