Тоҷикистон мизбони боз як Ҳамоиши байналмиллалӣ – Конфронси Дуюми сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об хоҳад шуд, ки рӯзҳои 6-9 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оид ба баргузории Конфронс ва омодагиҳо ба он фишурдаи суҳбати Шоистаи Аҳмад, хабарнигори радиои “Тоҷикистон” бо Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии Наҷоти Арал, Роҳбари Котиботи Конфронси Дуюми Оби Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор» нашр мешавад.
– Пеш аз оне, ки дар мавриди Конфронси дуюми Оби Душанбе сӯҳбат бикунем, бармегардем ба соли 2016, зеро ин Конфронс сарчашма мегирад аз ташаббусҳои кишвари мо.
– Бале, соли 2016 Маҷмааи Умумии СММ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор» эълон кард. Ҳадафи асосии пешниҳоди ҳамин ташаббус ин буд, ки захираҳои об дар ноил гаштан барои рушди устувор нақши калидӣ доранд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як кишвари пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об дар сатҳи байналмиллалӣ шинохта шудааст, албатта бисёр боиси ифтихор аст, ки маҳз ба хотири талошҳои пайвастаи Роҳбарият ва Ҳукумати кишвари мо ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи об дар Рўзномаи ҷаҳонии Рушд барои то солҳои 2030 як мақоми хоса пайдо кардааст. Агар ба Қатъномаи Маҷмааи умумии СММ назар афканем, ду нуктаи муҳим дорад, яке «Даҳсолаи амал» ва дигаре «Об барои рушди устувор». Яъне вақти он расида, ки амалҳо вусъат дода шаванд, зеро захираҳои об зери таъсири манфиии чолишҳои умдаи ҷаҳонӣ қарор доранд. Бинобар ҳамин даҳсола – даҳсолаи амал аст ва об дар рушди устувор нақши калидӣ дорад.
Нақша – чорабиниҳои даҳсола пешбинӣ менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ҳамин даҳсола дар ҳар ду сол Конфронси байналмиллалии сатҳи баландро дар шаҳри Душанбе мизбонӣ мекунад, ки ин “Раванди Оби Душанбе” ном гирифт. Конфронси якум дар 2018 дар ш. Душанбе баргузор гардид. Конфронси дуюм ба нақша гирифта шуда буд, то ки моҳи июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад ва бо назардошти таъсири ҳамгирии СOVID-19 ба мавқуф гузошта шуда буд. Ва инак моҳи июни соли 2022 Конфронси дуюми раванди Оби Душанбе вобаста ба даҳсолаи мазкур дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Ҳадафи асосии конфронси мазкур боз ҳам аз як тараф таҳлил кардани раванди даҳсола ва анҷоми амалҳо дар ин фурсат, яъне солҳои 2018-2022 бошад, ҳадафи дигар, ин суръат бахшидан ба амалҳо мебошад.
Агар ба “раванди Оби Душанбе2 назар афканем, моҳияти Конфронси соли 2022, нисбат ба Конфронси 2020, ки мо пешниҳод карда будем, фарқияти калон дорад. Аввал ин ки ҳангоми тарҳрезӣ кардани барномаи конфронси соли 2020 ҳанўз бемории ҳамагири COVID-19 ба инобат гирифта нашуда буд. Ҳангоми таҳия кардани барнома ва консепсияи конфронси соли 2022 бошад, мо комилан тартиби баргузорӣ ва бархӯрд аз ин конфронсро дигар кардем ба хотири он ки таҷрибаҳо нишон доданд, ки захираҳои об, таъминот бо оби нўшокӣ, беҳдошт дар мубориза бо ҳамагирҳо ва дигар бемориҳо нақши калидӣ доранд. Нуктаи дуюми муҳим ин аст, ки соли 2020 моҳи декабр Маҷмааи СММ Қатъномаи худро дар бораи баргузории конфронси СММ оид ба масъалаҳои об дар соли 2023 оид ба бозрасии миёнамуҳлати даҳсола қабул намуд. Тибқи қатъномаи мазкур Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ин конфронсро дар СММ ҳамраисӣ мекунад. Ин конфронс, ки соли оянда баргузор мегардад, як конфронси таърихӣ хоҳад буд. Аввалан ба хотири он ки дар таърихи СММ ин конфронс дуввумин конфронсест, ки баъди 50 сол ба масъалаи об бахшида мешавад. Хотиррасон мекунам, аввалин конфронси СММ оид ба масъалаи об соли 1977 дар Аргентина баргузор шудааст. Аз ин рў интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин конфронс хеле зиёд аст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамраиси ин конфронс ба ҳисоб меравад, албатта боиси ифтихор аст, ки чунин як боварӣ ба кишвари мо карда шудааст, аз ҷониби дигар ин як масъулият аст. Ҳадаф он аст, ки конфронси мазкур на аз нигоҳи муҳлат, балки аз рўи натиҷаҳо таърихӣ гардад, тавонад дар ҷаҳони муосир як бархӯрди хеле манфиатоварро ба бор орад, то ки барои расидан ба ҳадафҳои Рушди устувор дар қисмати об суръати зиёд бахшад.
Агар чанд сол пеш мо дар бораи ду маротиба зиёд намудани талошҳо сухан мегуфтем, имрӯз аллакай таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо он суръати пештара расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об имконнопазир аст. Имрўз сухан дар бораи он меравад, ки талошҳо бояд чор маротиба афзоиш дода шаванд. Мо итминон дорем, ки Конфронси мазкур дар ҳақиқат таърихӣ хохад шуд.
Ҳамраисии Тоҷикистон бо Подшоҳии Нидерланд дар Конфронси соли 2023-и СММ-ро каме шарҳ медодед.
Чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамраис аст, аллакай маълум аст, зеро кишвари мо ҳамчун пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об шинохта шудааст ва ин рамзӣ ва мантиқӣ аст, ки Тоҷикистон дар ин Конфронс ҳамраис бошад. Тоҷикистон ташаббускори Даҳсолаи Амал «Об барои рушди устувор» аст ва Конфронси 2023 дар бораи баррасии миёнамуҳлати ҳамин даҳсола мебошад. Барои чӣ Подшоҳии Нидерланд? Барои он ки дар таҷрибаи СММ чунин аст, ки дар конфронсҳои ба ҳамин сатҳ баргузоршаванда ду кишвар ҳамраисӣ мекунад ва яке аз кишварҳо бояд кишвари рушдёфта бошад. Агар мо ба таърихи Нидерланд назар афканем, ин кишвар низ барои масъалаҳои об талошҳо кардааст. Шоҳи Нидерланд ҳангоми шоҳзода буданаш раиси Шўрои машваратии назди Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои об ва беҳдошт буд, ки дар сатҳи Аврупо талошҳои зиёде кардааст. Нидерланд бо чолишҳои зиёде вобаста ба баландшавии сатҳи об дар уқёнус ва баҳрҳо рў ба рў аст. Ин ҳамбастагии муносибро фароҳам овардааст, ки ҳамкорӣ аз сарчашма то баҳр ном гирад ва аз пиряхҳо оғоз ёфта, то укёнус мерасад. Ду кишвар аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ фарқкунанда буда, Тоҷикистон кишвари болооб ва Нидерланд поёноб аст, Нидерланд кишвари рушдёфта ва мо кишвари ру ба тараққӣ мебошем. Чизе ки моро муттаҳид мекунад, ин об аст, яъне ки бо ҳамбастагиву ҳамкорӣ дар доираи омодагӣ ба Конфронси соли 2023 мо ҳамзамон ба ҷомеаи ҷаҳон нишон медиҳем, ки ду кишвари аз ҳам фарқкунанда метавонанд ба хотири об ҳамкорӣ кунанд.
Яъне новобаста ба он ки дар кадом мавқеи ҷуғрофӣ ҷойгир ҳастем, ба об як хел ниёз дорем, зеро об худ ҳаёт аст?
Бале. Об сарчашмаи зиндагӣ аст. Пас, об барои ҳама рушди устувор аст. Дар ҳама кишварҳои рушдкунанда чолишҳое мавҷуданд, ки вобаста ба об кишварҳо рў ба рў мешаванд, аз он ҷумла дар кишвари Нидерландия офатҳои табиӣ аз сабаби баланд шудани сатҳи оби баҳр зиёд рух медиҳад. Агар дар баъзе давлатҳо норасоии об мушоҳида шавад, дар кишварҳои дигар ботлоқшавӣ, обхезӣ ба қайд гирифта мешавад, яъне аксари давлатҳои ҷаҳон ба чолишҳои вобаста ба об дучор мешаванд. Пас, ҳама кишварҳоро зарур аст, то дар ҳамбастагӣ, ҳамкорӣ бо ин чолишҳо мубориза барем.
Раванди омодагӣ ба Конфронси дуюми сатҳи баланд вобаста ба об чӣ гуна идома дорад?
Раванди омодагӣ ба баргузории Конфронси Оби Душанбе ҳанӯз соли 2017 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Кумитаи тадорукот оғоз гардида буд. Кумитаи мазкур зери роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъсис ёфта, нақша-чорабиниҳои махсус тасдиқ гардида буд. Яъне дар сатҳи миллӣ татбиқи ин нақша – чорабиниҳо ба хубӣ идома доранд. Дар сатҳи байналмиллалӣ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи байналмиллалии машваратӣ ташкил карда шудааст, ки дар он 30 нафар коршиносони сатҳи баланд аъзо ҳастанд ва ин Кумитаро ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ҳамраисӣ мекунанд. Дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ котиботи конфронс таъсис дода шудааст, ки аз соли гузашта корбариро оғоз намуда буд ва даъватномаҳо ба номи роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳо, созмонҳои байналмиллалӣ оғози соли равон фиристода шудаанд ва итминон дорем, ки Конфронси Оби Душанбе конфронси таърихӣ ва муҳим ба раванди омодагӣ ба конфронси 2023 ва инчунин татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи Амал хоҳад буд.
Раванди Оби Душанбе механизме аст, ки аз якчанд элементҳо иборат аст. Аз он ҷумла котиботи конфронс, кумитаи тадорукоти миллӣ, кумитаи байналмиллалии машваратӣ ва кумитаи байналмиллалии ҳидояткунандаи Гуруҳи Дўстони об, ки дар Ню-Йорк фаъолият мекунад. Гурӯҳи Дўстони об бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки 80 кишвари дунё узви он буда, кумитаи ҳидояткунандаи он аз 17 кишвари узв мебошад, ки намоядагони он ба ш. Душанбе хоҳанд омад.
Оид ба баргузории форуму ҷаласаҳо ва панелҳо чӣ гуфтаниҳо доред?
Барномаи конфронс ба фарқ аз конфронсҳои пештара аз лиҳози мундариҷаи мавзуъҳо ва аз ҷиҳати чорабиниҳои канорӣ, ки дар ҳошияи конфронс баргузор карда мешавад, хеле бой гардонида шудааст. Аз ҷумла рўзи 6-уми июн кори конфронс бо баргузории форум оғоз мегардад. Дар маҷмуъ 6 форум – Форуми оби занон, Форуми оби кўдакон ва ҷавонон, Форуми об ва кишварҳои кӯҳистон, Форуми минтақавӣ оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ, Форуми об барои мардуми таҳҷоӣ ва ҷамоатҳои маҳаллӣ ва Форуми об бо иштироки бахши хусусӣ баргузор хоханд шуд.
Рўзи 7 июн маросими кушодашавии расмии он бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад. Ҷаласаҳои пленарӣ бо суханронии намояндагони кишварҳои узв ва Созмонҳои байналмиллалӣ ва 12 иҷлосияи мувозӣ баргузор карда мешавад, ки ба 4 гурӯҳ тақсим карда шудааст:
– Об ва саломатӣ;
– Об барои рушди устувор;
– Об-иқлим ва муҳити зист;
– Инноватсия, маълумот, иттиллот дар соҳаи об.
Конфронс кори худро бо баргузор намудани ҷаласаи пўшидашавӣ рўзи 8 июн ҷамъбаст менамояд.
Барномаи конфронс аз ҳисоби дигар чорабиниҳои канориву фарҳангӣ низ ғанӣ гардонида шудааст. Аз он ҷумла рӯзи 4 июн ду рӯз пеш аз Конфронс дар шаҳри Душанбе бахшида ба Даҳсолаи Амал «Об барои рушди устувор», Конфронси дуюми Оби Душанбе ва Конфронси СММ оид ба масъалаҳои об дар соли 2023 “Марафони дав” баргузор карда мешавад. Рўзи 6 июн бегоҳ “Фестивали об” баргузор карда мешавад, ки дар он чорабиниҳои гуногун аз ҷумла намоиши хўрокҳои миллӣ, намоиши либоси миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, барномаи консертӣ, ки як имконияти хуби муаррифии анъанаҳои миллии точикӣ мебошанд. Рўзи 9 июни соли 2022 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои муаррифии имкониятҳо ва зарфиятҳои кишвар дар қисмати захираҳои об, потенсиали гидроэнергетикӣ, зарфиятҳои сайёҳӣ иштирокчиёни конфронсро ба самтҳои гуногуни мамлакат хоҳад бурд.
Имкони хубест барои муаррифии Тоҷикистон.
Бале. Инчунин дар доираи Конфронс Намоишгоҳи байналмиллалии «Об барои рушди устувор» ташкил карда мешавад, ки дар он вазорату идораҳои кишвар дастовардҳои худро дар самти об муаррифӣ менамоянд.
Дигар кишварҳо низ ширкат мекунанд?
Аз дигар кишварҳо низ хоҳиш карданд ва мо ин имконро ба онҳо хоҳем дод.
Баргузории Конфронси дуюми Оби Душанбе барои кишвари мо чӣ манфиат хоҳад овард?
Албатта, нахустин манфиате, ки бисёр возеҳ аст, идома додани талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ оид ба ҳаллу фасли масъалаҳои об ва пешбурди масъалаҳои об дар Рўзномаи ҷаҳонии об, ки барои он кишвари мо аллакай талошҳои зиёдеро пиёда гардонидааст ва хурсандона Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ин талошҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ кишвари пешбаранда эътироф гаштааст. Гузаронидани Конфронси Дуюми Оби Душанбе имкон медиҳад, ки мавқеи Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ боз ҳам мустаҳкам ва нуфузи кишвар боз ҳам бештар гардад. Тарафи дигари масъала он аст, ки ҳангоме меҳмонон, иштирокдорони конфронс ба Тоҷикистон меоянд, аз зарфиятҳои кишвар, захираҳои об, имкониятҳои сайёҳӣ хабардор мешаванд. Ин барои ҷалби сармоягузорӣ қадами устуворе хоҳад буд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 10-15 соли охир дар қисмати об маблағгузорӣ аз тарафи шарикони рушд зиёд гаштааст, ки ин натиҷаи самараноки ҳамин талошҳо мебошад. Зарфиятҳои сайёҳӣ тарафи дигари масъала аст, ки иштирокдорон аз наздик мебинанд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати таъмини амният яке аз кишварҳои муваффақ аст ва ин имкон медиҳад, ки онҳо бори дигар ба Тоҷикистон бо аҳли оила ва дўстони худ ҳамчун сайёҳ ташриф оранд.
Ҳамчунин имкони огоҳ намудани иштирокдорон бо вазъи Тоҷикистон вобаста ба тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, зиёдшавии ҳодисаҳои табиӣ вобаста ба об пайдо мешавад. Шарикони рушд мебинанд, ки Тоҷикистон кишвари рў ба тараққӣ аст ва маблағгузориро барои паст кардани таъсири табиат ба кишвари мо равона хоҳанд кард ва дар умум имконияти хубест барои рушди иқтисодии ватани азизамон – Тоҷикистон!
радиои “Тоҷикистон”