МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТЗАЛ ДАР САБАДИ СЕЮМИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2022 ҚАРОР ГИРИФТ

Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати пурраи сабадҳои қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022-ро нашр кард. Қуръакашии марҳилаи ниҳоии мусобиқот 25-май баргузор мегардад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон дар саҳифаи расмиаш хабар дод.

Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки маротибаи ёздаҳум дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад, дар сабади сеюм қарор гирифт. Аз ин рӯ муайян гардид, футзалбозони тоҷик дар як гурӯҳ бо тимҳои Тайланд, Тайбейи Чин ва Кореяи Ҷанубӣ бозӣ намекунанд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 4-гурӯҳ иборат аз 4-даста ташкил карда мешавад. Аз ҳар як гуруҳ ду даста ба марҳилаи 1/4 ниҳоӣ роҳ меёбад.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал аз 27-уми сентябр то 8-уми октябр дар Қувайт баргузор мешавад.

Таркиби сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал:

Сабади 1-ум: Қувайт, Эрон, Ҷопон, Ӯзбекистон.

Сабади 2-юм: Ироқ, Лубнон, Ветнам, Баҳрайн.

Сабади 3-юм: Тайланд, Тайбейи Чин, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ.

Сабади 4-ум: Арабистони Саудӣ, Индонезия, Туркманистон, Уммон.