Ғолибони даври ҳаштуми Чемпиони Тоҷикистон маълум гардид: оё «Истиқлол» дар миёнашон ҳаст?

Дар даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ чор бозӣ сурат гирифт, ки ғолибонро муайян намуд.

Ҳамин тариқ, дастаи «Истиқлол»-и  Душанбе дар даври даври ҳаштум дар майдони худ бар  тими футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода   бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Голҳои дастаи «Истиқлол»-ро Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров, Шервонӣ Мабатшоев ва голи   дастаи   «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро Фатҳулло Фатҳуллоев  ба самар расониданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи дигари пешсафи мусобиқаи қаҳрамонӣ – дастаи «Хатлон»-и Бохтар дар майдони худ тими футболи «Равшан»-и Зафарободро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи пирӯзиовар дар дақиқаи 57-ум аз сӯйи Нуриддин Ҳамроқулов зада шуд. Дар бозии дигар дастаи  футболи   «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  дастаи  «Истаравшан»-и   шаҳри  Истаравшанро бо натиҷаи 1:0 мағлуб намуд. Голи ягонаро Фирдавс Чақалов ба нишон расонид.

Дар бозӣ миёни дастаҳои футболи   КМВА-и  шаҳри  Душанбе  ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ғолиб муайян нашуд. Вохӯрии дастаҳо  мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт. Ҳар чор гол дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд. Бозигарони  дастаи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  Доробҷон Эргашев дар дақиқаи 63, Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 72 ду гол зада, дастаашонро ба пеш бароварданд, аммо бозигарони дастаи  футболи   КМВА-и  шаҳри   Душанбе  дар дақиқаҳои охир тавонистанд ду гол зада, аз бохт наҷот ёбанд. Голҳои КМВА-ро Хуршед Абдуллоев ва Наврӯз Рустамов ба ҳадаф расониданд.

Ёдрас мешавем, ки як бозии дигари даври ҳаштум 22 майи соли равон миёни дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.