Қатъи оби нӯшокӣ дар пойтахт: захира кунед!

Шаҳрдории Душанбе бо нашри огаҳинома аз қатъи интиқоли об ба бархе аз маҳаллаҳои пойтахт хабар дод. Сабаби қатъи гардидани интиқоли об пайваст намудани яке аз қубурҳо дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе гуфта мешавад.

Дар хабарномаи шаҳрдории Душанбе зикр шудааст, ки “бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 600 мм ба шоҳқубури амалкунанда дар кӯчаи Фирдавсӣ интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе маҳаллаҳои ноҳияи Сино ва Фирдавсии пойтахт аз соати 23:00-и 18 май то соати 24:00-и 19 май муваққатан қатъ мегардад”.

Манбаъ афзуд, интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Чортут, Сомон, хиёбони Борбад (аз кӯчаи Фирдавсӣ то шаҳраки Гипрозем), кӯчаҳои Камонгарон, Наҳимов, Мир, Юсуф Вафо, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, Ханжин, Балъамӣ, Қаҳҳорӣ ва шаҳраки П.Нахимов; ноҳияи Фирдавсӣ: шаҳракҳои 61, 62, 63, 64, 65, маҳаллаҳои Крупский, Сомон, Гулбутта 1-2, Машал муваққатан қатъ мегардад.