Дар Душанбе хатсайри нав фаъол мегардад

Шурӯъ аз 23 май дар Душанбе хатсайри автобусии №27 ба фаъолият оғоз менамояд. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, самти равуои хатсайри мазкур аз Муассисаи таълимии ғайридавлатии коллеҷи тиббӣ то Терминали Ҷанубӣ мебошад.

Гуфта мешавад, автобусҳо дар ин хатсайр тавассути кӯчаву хиёбонҳои Истиқлол-2, Машъал, А.Қаҳҳоров, А.Ҷомӣ, Н.Қарабоев, А.Фирдавсӣ, Қосимов, Ҷанубӣ, шоҳроҳи Душанбе — Бохтар то Терминали ҷанубӣ мегузарад.

Хатсайри нав автобусҳои муосири тамғаи «KING LONG» буда, пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.