Ёдбуди Муъмин Қаноат: дар Душанбе маҳфили адабӣ баргузор мегардад

Рӯзи 20 май соати 14:00 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат маҳфили адабӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони кишвар хабар доданд.

Гуфта мешавад, дар маҳфил адибону нависандагон ва алоқамандони шеъру сухан пиромуни зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Муъмин Қаноат суханронӣ менамоянд.

Муъмин Қаноат яке аз чеҳраҳои матраҳи адабиву сиёсии Тоҷикистон мебошад. Ӯ аз ҷумлаи шоиронест, ки осораш бо хусусиятҳои миллӣ фарқ мекунад. Ҷойгоҳи устод Муъмин Қаноат дар шеъри муосир чун шоири достонсаро баланд буда, дар ин масир камолоти беназир ёфтааст ва ба ҳадди устодӣ расид.

“Достони оташ” ва “Мавҷҳои Днепр”, ки аз аввалин осори ҳамосии шоир маҳсуб мешаванд, дар ташаккули бештари маҳорати бадеии шоир нақши бузург бозидаанд. Осори ӯ дар тарғибу ташвиқи ғояи созандагиву бунёдкорӣ дар байни чандин насли ҷавонон хидмати босазо карданд.

Бояд гуфт, ки Муъмин Қаноат 20 майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, 18 майи соли 2018 аз ин олам даргузашт.