Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Рӯшони ВМКБ таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии созмонҳои байналхалқии экстремистӣ-террористӣ бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти конститутсионӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба таҳлука андохтани аҳолӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ, инчунин маводи оташафрӯзи «Коктейли Молотов» ба колоннаи мошинаҳои хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҶТ ҳамла намуданд. Бар асари он як афсар ба ҳалокат расида, 13 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар хабар чунин омадааст:
Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша иборат аз 200 нафар бо истифода аз тамоми намуди силоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.
Гурӯҳҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ин амалҳо қаблан омодагӣ дида, бо ҳамин мақсад аз хориҷи кишвар силоҳу аслиҳа ворид намуда буданд.
Ҳар сокини бовиҷдони вилоят шоҳиди он аст, ки таъкидҳои чандинкаратаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷамъомадҳо, суҳбатҳо бо иштироки аҳли ҷомеа ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, муроҷиатҳо тавассути воситаҳои ахбори умум барои супоридани силоҳи оташфишон, даст кашидан аз муқовимати мусаллаҳона ба муқобили сохторҳои конститутсионии мамлакат аз ҷониби дастаҳои ҷинояткор беҷавоб монданд.
Оқибат онҳо ба содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ гузаштанд.
Бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид. Дар натиҷа 8 нафар силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод нафар аъзои фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки аз миёни сокинони осоишта касе осеб надидааст.
Аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ миқдори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, «Коктейли Молотов» мусодира гардид.
Вобаста ба қазияи мазкур аз ҷониби прокуратураи вилоят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Айни ҳол вазъият дар ноҳия ором буда, инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлияти ҷамъиятӣ ба кори муқаррарӣ ва сокинони ноҳия ба фаъолияти рӯзмарраи худ оғоз карданд.
Ба боқимонда гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша қотеъона эълон карда мешавад, ки то ҳол онҳо имконияти сулҳомези супоридани ҳама гуна силоҳ ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шуданро доранд. Фардо дер мешавад.
Аз аҳолии вилоят эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, инфрасохтори иҷтимоӣ, фаъолгардонии масири ҳаракати нақлиёти байналхалқӣ, пешгирии тамоми намуди қонуншиканиҳо ва ахиран суботи ҷомеа, дар мисоли тамоми нуқоти кишвари азизамон кумаки худро расонанд.
Танҳо давлатмеҳварӣ ва конунмандӣ асоси амният ва рушди ҷомеа аст. Ин вазифаи муқаддасро мо дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ бо мардумони баору номуси вилоят бо қотеъият ва муваффақона амалӣ мекунем. Бо ҳамин ба фаъолияти тамоми гурӯҳҳои муташаккили силоҳдори нашъаҷалоб якбора хотима мегузорем. Роҳи дигар вуҷуд надорад.