Кормандони милитсияи ноҳияи Спитамен як ҷавони 24-солаи сокини ин ноҳияро бо гумони азхуд кардани наздики 800 ҳазор сомонӣ боздошт намудааст.
Тавре маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, боздоштшуда моҳи июни соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини ноҳияи Спитамен даромада, барои тиҷорати қисмҳои эҳтиётии дучарха ва пойафзол 581 ҳазору 725 сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Манбаъ мегӯяд, гумонбар ҳамчунин дар зарфи моҳҳои июни соли 2021 то декабри соли 2022 бо суиистифода аз боварӣ аз як марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия 200 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
“Нисбати ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Спитамен парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст”, – омадааст дар хабарномаи вазорат.
Гуфта мешавад, аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом муттаҳам ба андозаи аз 93 ҳазору 440 сомонӣ то 140 ҳазору 160 сомонӣ ҷарима ё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Назари худи муттаҳам ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.