Муштзани тоҷик Шоира Зулқайнарова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон пас аз ду пирӯзӣ бар намояндагони Кувейт ва Кореяи Ҷанубӣ дар вазни 63кг дар даври чорякфинал аз варзишгари Ҳиндустон Парвин шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд.
Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонуфуз ба ғайр аз Шоира инчунин Сумайя Қосимова (48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50кг) ва Миҷгона Самадова (57кг) намояндагӣ карданд.
Рӯҳафзо Ҳақназарова дар вазни 50кг дар дар даври аввал бар варзишгари Боливия Айда Санталла ғалаба кард, вале дар даври дуюм аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа шикаст хӯрд.
Сумайя Қосимова дар вазни 48кг дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғория), Миҷгона Самадова (57кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) мағлуб шуд.
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардид ва то 21 май идома меёбад. Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон танҳо як медали биринҷӣ дорад, ки онро соли 2012 Мавзуна Чориева ба даст овардааст.