Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирафган Бобошоев, собиқ мудири мавзеи ҷангалпарварии ноҳияи Роштқалъаро барои азхудкунии 100 сар чорвои майдаи шохдори ин мавзеъ 71 ҳазору 520 сомонӣ ҷарима кардааст.
Тавре дафтари матбуотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон гузориш медиҳад, Бобошоев дар асоси фармони директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ВМКБ аз 10 майи соли 2019 таҳти №23 ба вазифаи мудири мавзеи ҷангалпарварии ноҳияи Роштқалъа таъйин гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, номбурда дар давраи фаъолияти корӣ аз моҳи майи соли 2019 то моҳи апрели соли 2021 бо истифода аз ваколати мансабӣ 100 cap чорвои майдаи шохдор (буз)-и мавзеи ҷангалпарварии ноҳия, ки маблағи умумии он 85,000 (ҳаштоду панҷ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад ва ӯ онҳоро барои парвариш ва нигоҳубин дар ихтиёрдориаш нигоҳ медошт, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш истифода намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур алайҳи Мирафган Бобошоев бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Ҳамин тариқ, бо ҳукми суди ВМКБ аз 19 июли соли 2021 иттиҳоми Бобошоев тасдиқ ва 1192 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима гардид, ки баробар ба 71 ҳазору 520 сомонӣ мебошад. Як нишондиҳанда 64 сомонӣ мебошад.