Дар бозии финалии Суперҷоми Тоҷикистон-2022 дастаҳои “Соро компания”-и шаҳри Душанбе бо дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд дидор анҷом доданд. Вохӯри дастаҳо дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе бо ҳузури зиёда аз 850-тамошобин баргузор гардид. Бозӣ бо натиҷаи 4:2 ба фоидаи футзалбозони дастаи “Соро компания” ба поён расид. Ҳамин тариқ дастаи “Соро компания”-и шаҳри Душанбе Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2022-ро ба даст овард.
Дар ин рақобат аз ҳайати тими Душанбе легионери эронӣ Мӯҳсин Муҳаммадзода ду гол ба самар расонида ба номаш дубл анҷом дод. Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров низ муаллифи гол шуданд. Аз ҳайати Хуҷанд бошад голҳоро Абдусамад Раҳмонов ба самар расонид.
Бозингари беҳтарини вохӯрӣ барои Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2022 дарвозабони эронии тими “Соро компания” Маҳдӣ Мустафоӣ дониста шуд, ки ду зарбаи ҷаримавиро баргардонида, дар чанд лаҳзаи дигар дастаашро аз гол наҷот дод.
Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2022
“Соро компания” (Душанбе) – “Сипар”(Хуҷанд) – 4:2
Голҳо: Идрис Ёров, 10 (1:0). Файзалӣ Сардоров, 11 (2:0). Мӯҳсин Муҳаммадзода, 18 (3:0). Мӯҳсин Муҳаммадзода, 28 (4:0). Абдусамад Раҳмонов, 38 (4:1). Абдусамад Раҳмонов, 39 (4:2).