Омӯзгори ҷавони кафедраи химияи татбиқии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мавлуда Давлатмамадова дар Форуми 15-уми ихтироъкорони ҷаҳон соҳиби медали тилло ва диплом гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” аз қавли сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки Форуми мазкур 11-12 май дар шаҳри Катовитсаи Полша баргузор гардида, дар он 150 нафар ихтироъкорон аз 50 давлати дунё иштирок доштанд.
Ҳамзамон Мавлуда Давлатмамадова бо медали Фаронса ва Ҷоизаи махсуси Эрон қадрдонӣ карда шуд.