Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (u-16) дар Чемпионати CAFA-2022 бозии дуюмашро бо мусовӣ анҷом дод

Дар доираи бозиҳои даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA-2022, дастаҳои наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Афғонистон рақобат намуданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ки дар оғози мусобиқа бар тими наврасони Қирғизистон (2:0) пирӯз гардида буд, бозии дуюмашро бо тими наврасони Афғонистон (0:0) мусовӣ анҷом дод. Дар вохӯрии дигар наврасони Эрон бар Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардиданд.

Пас аз анҷоми се даври мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 тимҳои Ӯзбекистон, Эрон ва Тоҷикистон чаҳоримтиёзӣ ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа мутаносибан пешсафанд.

Бозиҳои даври 4-ум рӯзи 18-май баргузор мегардад. Дар ин давр Наврасони Тоҷикистон бо дастаи Ӯзбекистон вомехӯранд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе соати 21:00 оғоз мешавад.