Абубакр Шеров дар Almaty Asian Cadet & Junior Cup 2022 соҳиби медали тилло гардид

Паҳлавони ҷавони тоҷик Абубакр Шеров дар мусобиқаи қоравии ҷудо – Almaty Asian Cadet & Junior Cup-2022 ҳунари воло нишон дода, қаҳрамони Осиё гардид.

Абубакр дар ин мусобиқа дар вазни -66кг қувваозмоӣ намуда, бо шикаст додани ҳамаи рақибонаш медали тиллоро ба гардан овехт. Абубакр дар рақобати финалӣ бо ҷудокори ӯзбек Ортиқов Азизбек нерӯсанҷӣ намуда, ӯро бо усули осейкомӣ шикаст дод.

Мусобиқаи Almaty Asian Cadet & Junior Cup-2022 аз 13 то 15-уми майи соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гардид. Баргузории мусобиқа ба хотири Бакет Махмутов – ходими намоёни варзиши қазоқ бахшида шудааст.

Дар мусобиқа миёни наврасон 300 варзишгар (197 мард ва 103 зан) аз 6 кишвари Осиё байни ҷавонон 239 варзишгар (153 мард ва 86 зан) аз 6 кишвари қораи Осиё ширкат варзиданд.

Сорбон Амонуллозода,

радиои “Тоҷикистон”