15 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат,
Лутфан табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини моро ба муносибати интихоб гардиданатон ба сифати Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб бипазиред.
Итминон дорам, ки тайи давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олии давлатӣ муносибатҳои дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб, ки анъанаҳои неки дерина доранд, масири таҳкиму тавсеаи бемайлонро касб карда, идомаи самарабахш хоҳанд ёфт.
Мо раванди рушди робитаҳои гуногунҷанба миёни кишварҳоямонро баланд арзёбӣ менамоем ва ҳамеша алоқаманди боз ҳам ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо бо иқдомоти нави амалӣ дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.
Дар ин замина омодагии ин ҷонибро ҷиҳати ба харҷ додани саъю талошҳои минбаъдаи муштарак дар ин ҷода изҳор менамоям.
Ба Шумо сиҳатмандии комилу дар иҷрои ваколатҳои сермасъулатон комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми бародари Амороти Муттаҳидаи Араб сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии беш аз пеш орзумандам».