ДАВРИ АВВАЛИ CAFA-2022 (U-16) ҶАМБАСТ ГАРДИД

Дар рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA-2022 байни дастаҳои наврасони то 16-сола дар Душанбе ду бозӣ баргузор гардид, ки натиҷаи бозиҳо мусовӣ анҷом ёфт.

Натиҷаи рақобати дастаҳои наврасони Эрон ва Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид. Дар вохӯрии дигар дастаҳои Афғонистон ва Қирғизистон низ бозиро бо натиҷаи 1:1 мусовӣ анҷом доданд.

Дар даври дувум мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими миллии Қирғизистон дидор анҷом медиҳад.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бояд чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои то 16-сола аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мегардад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

Сорбон Амонуллозода,

радиои “Тоҷикистон”