Усулҳои интенсивии парвариши моҳӣ, ки яке аз усулҳои муфиди истеҳсоли маҳсулот ба ҳисоб меравад, аллакай дар хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳияи Ашти вилояти Суғд роҳандозӣ гардидааст.
Ин нукта зимни посух ба саволи хабарнигори радиои «Тоҷикситон» дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии мамлакат садо дод. Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо додани имтиёз ба соҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019-ум дар соҳа тағйироти ҷиддӣ рўйи кор омад. Ин аст, ки лар шаш моҳи аввали соли равон шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба 352 адад расонида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 52 адад ва истеҳсоли моҳӣ 368 тонна ё 79,3 фоиз зиёд мебошад.