Ноҳияи Сангвор: Ҳудуд – наздики 6 000 км квадратӣ
Аҳолӣ – 23 850 нафар
Дорои 5 ҷамоати деҳот (Тавилдара, Чилдара, Вахё, Сангвор, Ваҳдат)
Шуғли асосии сокинон – кишоварзӣ
Хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ – 3590 адад
Муассисаҳои таҳсилоти миёни умумӣ – 59 адад
Муассисаҳои томактабӣ – 3 адад
Муассисаҳои тандурустӣ – 31 адад
Муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷавӣ – 141 адад
Хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ – 586 адад
Шўғли асосии сокинони ноҳия кишоварзӣ буда, беш аз 80 дарсади аҳолӣ ба боғдориву зироатпарварӣ ва чорводорӣ машғул мебошанд.
Боду ҳавои номусоиди табиат имсол ба соҳаи кишоварзии аксари шаҳру навоҳии мамлакат хисороти калон ворид кард. Аммо дар Сангвор он камтар таъсир гузоштааст. Боғҳои ин ноҳияи куҳистони мамлакат серборанд.
Дар Сангвор заминҳои наздиҳавлигӣ босамар истифода мегарданд.
Замбуриасалпарварӣ дар иқлими ноҳияи Сангвор созгор аст. Қариб ҳамаи хоҷагиҳои инфиродӣ дар ин ноҳия дар ҳавлиҳо ва заминҳои дарихтиёрдоштаашон аз 10 то садҳо адад оилаи замбури асал доранд.
Дар ноҳияи баландкуҳи Сангвор сокинон заминҳои чарогоҳро обёрӣ карда, ба майдонҳои кишт ва боғу алафзор (барои ҷамъоварии хӯроки чорво) табдил додаанд.
Ҷангалзорони ноҳияи Сангвор дорои номгуи зиёди гулу бутта ва растаниҳои шифобахшу нодир мебошад. Майдонҳои сабзи ҷангалҳои ин ноҳия бо олами бойи набототу ҳайвоноташ диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад.
Имконоти рушди саёҳӣ дар ин ноҳия хеле зиёд аст. «Хами сабз» яке аз мавзеъҳои назаррабои Сангвор мебошад, ки дар наздикии маркази ноҳияи ҷойгир аст ва ба гуфтаи сокинон атрофи он ба таври доимӣ сабз аст.
Ноҳияи Мўъминобод бо «Чилдухтарон» менозад. Аммо сокинони ноҳияи Сангвор мегўянд, ки «мо «Шастдухтарон» дорем!!!»
«Чашмаи Миркалон» аз мавзеъҳои дигари сайру саёҳат ва назаррабои ноҳияи Сангвор аст, ки имконоти хуб пазироии меҳмононро дорад. Дар ин мавзеъ 3 сўҳбатакада бо чубҳои кандакоришуда бунёд ёфта, ҳамчунин ду бинои пазироии меҳмонон бо се бинои ёрирасони дигар имконоти истироҳату фароғат дар ин мавзеъро бештар кардааст.
Ин дарахти Шинг аст, ки наздики 1000 сол умр дорад. Он дар деҳаи Ҷуроғ, ҷамоати деҳоти Тавилдара ҷойгир аст. Ба таъкиди сокинони ноҳия солҳои 80-уми асри гузашта олимони Шўравӣ зимни як омўзишӣ илмӣ вобаста ба олами набототи ин минтақа умри онро беш аз 900 сол муайян кардаанд. Агарчи кундаи ин дарахтаи бузург хушкшуда менамояд, бо гузашти даҳ аср ҳанўзам он шоху баргҳои сабз дорад.
Маркази ноҳияи Сангвор сол ба сол ободу зеботар мегардад. Айни ҳол дар маркази ноҳияи даҳҳо иншооти наву замонавии таиноти гуногун, аз ҷумла иншооти хизматрасонӣ фаъолият мекунад. Илова бар ин ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди даҳҳои иншооти дигари замонавӣ дар марказ ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба нақша гирифта шудаанд, ки корҳои сохтмонӣ дар бештари онҳо бомаром идома дорад.
Дар маркази ноҳияи Сангвор «Қасри фарҳанг» бунёд шудааст, ки он бузургтарин муассисаи фарҳангӣ дар минтақаи Рашт ва дар маҷмўъ миқёси шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Бахтиёр Зоиров
махсус барои сомонаи www.radiotoj.tj